Дар Хоруғ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бозии дӯстона баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Хоруғ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бозии дӯстона баргузор шуд

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ миёни дастаҳои «Помир»-и Бадахшон ва «Ҳулбук»-и Восеъ, ки дар лигаи олии чемпионати Тоҷикистон бозӣ мекунад, вохӯрии дӯстона доир гардид.

Қабл аз оғози бозӣ раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҳозиринро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол ва оғози мусобиқаи лигаи вилоятӣ дар Бадахшон табрик гуфт.

Дидори дастаҳои «Помир» ва «Ҳулбук» дар фазои гарму самимӣ доир гардида, ҷузъи чорабиниҳои оммавӣ-ҷашнӣ дар минтақа гардид. Бозӣ бо ҳисоби 2:0 бо пирӯзии дастаи «Ҳулбук» анҷом ёфт.

Ҷашнвораи футбол дар Хоруғ бори дигар аҳамияти ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро исбот кард, ки бо пешниҳоди раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ ва аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтааст.

Назари худро бинависед