Имрӯз, 22 май бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе бозии дӯстона миёни ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия баргузор шуд. Бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи Русия анҷом ёфта, ба ҷашни ҳақиқии футбол барои мухлисон табдил ёфт.
Дар ҳайати мунтахаби Русия собиқ футболбозони маъруф ба мисли Ринат Дасаев, Егор Титов, Дмитрий Аленичев, Валерий Шмаров, Сергей Киряков, Элдор Низомутдинов ва дигарон буданд.
Дар ин бозӣ тими миллии Тоҷикистонро бозигарони номдор, ки дар рушди футболи кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, намояндагӣ карданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона, пурэҳсос ва эҳтиром ба собиқадорони футбол сурат гирифт.
Ин чорабинӣ бори дигар исбот кард, ки чӣ гуна варзиш одамонро ба ҳам наздик мекунад ва ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд. Мухлисон имкон пайдо карданд, ки бори дигар бозигарони дӯстдоштаи худро дар майдон бубинанд ва аз фазои ҷашни бузурги футбол баҳравар шаванд.