Натиҷаи ҷаласаи кумитаи доварони ФФТ: Дадабоев ва Шарифов аз ҳаққи доварӣ маҳрум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Натиҷаи ҷаласаи кумитаи доварони ФФТ: Дадабоев ва Шарифов аз ҳаққи доварӣ маҳрум шуданд

Ҷаласаи онлайнии кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар пайи он доварони бозии даври ёздаҳуми чемпионати Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои «Равшан» – «Ҳулбук» муҷозот шуданд.

Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон баъди таҳлили наворҳои ин бозӣ ба хулосае омад, ки довари марказӣ Хуршед Дадабоев пас аз маслиҳати довари эҳтиётӣ Қурбонмурод Шарифов иштибоҳан голи дастаи «Равшан»-ро дар дақиқаҳои охир ба дарвозаи «Ҳулбук» бекор кардааст. Ин хато дар ниҳоят ба рафти бозӣ таъсир расонд, ки дар натиҷа рақобат мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт.

Бо қарори Кумитаи доварони ФФТ доварон Хуршед Дадабоев ва Қурбонмурод Шарифов се давр аз ҳакамӣ дар тамоми бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон маҳрум карда шуданд.

Назари худро бинависед