Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба собиқ ҳамлагари дастони дастаи «Помир»-и Душанбе Муҳсин Муҳаммадиев шифои комилу оҷил таманно кард.
Собиқадори футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев, ки дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон муаллифи ду гол шудааст, ҳоло дар Маскав баъд аз гузаронидани сактаи мағзӣ дар ҳоли барқароршавӣ мебошад.
Ба Муҳсин Муслимович шифои комил таманно намуда, орзу дорем ҳарчӣ зудтар ба кор баргардад!