Дар Душанбе чемпионати CAFA-2025 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола ба анҷом расид – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе чемпионати CAFA-2025 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола ба анҷом расид

8 март дар Рӯзи байналмилалии занон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола ба анҷом расид.

Ғолиби чемпионати CAFA-2025 тими Ӯзбекистон гардид, ки бар мунтахабҳои Эрон (1:0) ва Тоҷикистон (1:0) пирӯз шуда, бо Қирғизистон мусовӣ (0:0) кард. Медалҳои нуқра насиби тими Эрон (6 имтиёз) гардид. Медалҳои биринҷиро футболбозони Қирғизистон (4 хол) ба даст оварданд.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов, узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё Миҷгона Маҳмадалиева ва корманди Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Ясна Ламберт иштирок доштанд.

Дар натиҷаи мусобиқа ба дастаи духтаронаи Тоҷикистон ҷоизаи махсус дода шуд. Ҷоизаи «Fair Play» ба мунтахаби Қирғизистон тақдим гардид. Муфидтарин бозигари чемпионат сарвони дастаи Ӯзбекистон Меҳрангез Ҳамидова эътироф шуд. Беҳтарин нишонзани мусобиқот ҳамлагари тими Эрон Марям Халилӣ Фар (се гол) эълон гардид.

Назари худро бинависед