Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Гела Шекиладзе дар остонаи бозии дӯстона бо тими миллии Непал дар бораи омодагии даста ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки моҳи марти соли оянда шуруъ мешавад, ибрози назар кард.
Гела ШЕКИЛАДЗЕ, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон:
– Бори охир мо дар хона тақрибан панҷ моҳ пеш бозӣ карда будем, он вақт дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бар яккачини Покистон пирӯз гардидем. Мутаассифона, бо сабабҳои гуногун вохӯриҳои рафиқонаро дар моҳҳои сентябр ва октябр чандон хуб гузаронда натавонистем. Дастаи мо дер боз гол намезанад, ман ҳам мисли шумо аз ин нигаронам. Як чанд дебютантҳоро ба Малайзия ва Таиланд бурдем. Барои мо дидани як қатор бозигарони ҷавон дар сатҳи тими миллӣ муҳим буд, зеро онҳо соли оянда дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои олимпии то 23-сола ширкат хоҳанд кард.
Мо ба ҷамъомади тамринии моҳи ноябр бозигарони беҳтаринро даъват кардем. Ба рақобатҳои хонагӣ дастаҳоеро даъват кардем, ки бо онҳо тавонистем ба мувофиқа биёем. Бисёре аз мунтахабҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 банд ҳастанд, бархеи дигар нақшаҳои худро доштанд. Новобаста аз сатҳи рақибон бозӣ кардан лозим аст, зеро ин охирин равзанаи ФИФА пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 аст.
Ҳар як даста пастиву баландӣ дорад, бояд ба фишор тобовар шуда, ба пеш ҳаракат кунем. Бовар дорам, ки мухлисон дар бозиҳои дӯстонаи дар пешистода мунтахаби Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд. Мо ҳама – мухлисон, рӯзноманигорон, мутахассисон бояд дар атрофи тими миллӣ муттаҳид шавем. Ҳатто ҳангоми танқид бояд моро дастгирӣ кунед, бе ин натиҷаи дилхоҳ имконнопазир аст.