Доварони Тоҷикистон бозиҳои КФО-ро ҳакамӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони Тоҷикистон бозиҳои КФО-ро ҳакамӣ мекунанд

Дастаҳои доварони Тоҷикистон барои ҳакамии бозиҳои Конфедератсияи футболи Осиё таъйинот гирифтанд.

Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2024/25-ро дар минтақаи ғарбӣ байни бошгоҳҳои «Ал-Айн» (АМА) ва «Ал Садд» (Қатар), ки рӯзи 16 сентябр дар Ал-Айн баргузор мешавад, доварӣ мекунад. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев кумак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов иҷро мекунад. Фирдавс Норсафаров аз Ӯзбекистон дар VAR кор карда, ҳамватани ӯ Раҳимбек Каримов ёвари VAR хоҳад буд.

Гурӯҳи дигари доварон аз Тоҷикистон таҳти роҳбарии довари ФИФА Насрулло Кабиров бозии даври ифтитоҳии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2024/25 миёни «Ал-Халдия» (Баҳрайн) – «Ал-Таавун» (Арабистони Саудӣ)-ро доварӣ мекунад. Ин дидор рӯзи 18 сентябр дар Риффа доир мешавад.

Ёварони Кабиров ёварони довари ФИФА Акмал Бӯриев ва Хусрави Сиддиқзод хоҳанд буд. Довари эҳтиётӣ довари ФИФА Дайирбек Абдилдаев аз Қирғизистон аст.

Илова бар ин, довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов ва ёвари довари ФИФА Фарҳод Куралов дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «D», ки дар он дастаҳои Австралия, Арабистони Саудӣ, Фаластин, Афғонистон ва Макао баромад мекунанд, доварӣ мекунанд. Мусобиқаи интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 21 то 29 сентябр дар шаҳри Абҳаи Арабистони Саудӣ сурат мегиранд.

Ҳамчунин, дар ин рӯзҳо довари ФИФА Нодира Мирзоева ва ёвари довари ФИФА Дилшода Раҳмонова дар бозиҳои даври муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2024/25 миёни бонувон дар гурӯҳи «А», ки дар шаҳри Риёз ҷараён доранд, фаъолият мекунанд.

Назари худро бинависед