70-солагии Валерий Турсунов муборак! – Федерация Футбола Таджикистана

70-солагии Валерий Турсунов муборак!

Имрӯз, 23 август ҳамлагари маъруфи дастаи «Помир»-и Душанбе Валерий Турсунов 70-сола шуд.

Валерий Юлдошевич Турсунов 23 августи соли 1954 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Устоди варзиши ИҶШС (1982) ва мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1989) мебошад.

Тамоми фаъолияти худро солҳои 1974-1988 дар чемпионати ИҶШС миёни дастаҳои лигаи якум дар ҳайати «Помир» (Душанбе) гузаронидааст. Дар 542 бозӣ 173 гол задааст.

Вай инчунин дар бошгоҳҳои Австрия «Аустрия» ва «Клопейнерзее» ҳунарнамоӣ кардааст.

Давоми солҳои 1996-2013 бо танаффус дар вазифаи ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон кор кардааст. 

Федератсияи футболи Тоҷикистон Валерий Юлдошевич Турсуновро ба муносибати 70-солагии зодрӯз самимона табрик мекунад! Ба соҳибҷашн саломатии бардавом, комёбӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем!

Назари худро бинависед