Дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе маросими қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои наврасони то 17-сола баргузор шуд, ки дар натиҷа рақибони тими наврасони Тоҷикистон низ муайян гаштанд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2024 дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Қирғизистон (17 август) ва Афғонистон (21 август) нерӯ месанҷад. Дар гурӯҳи «В» дастаҳои Ӯзбекистон, Эрон ва Туркманистон баромад мекунанд.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯйи системаи даврӣ бозӣ менамоянд. Ғолибони гурӯҳ баъдан дар финал рақобат хоҳанд кард. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ зинаи дуюмро мегиранд, дар рақобат барои ҷойи сеюм вомехӯранд. Инчунин барои мақомҳои панҷуму шашум бозии тасаллобахш баргузор мешавад. Ҳамаи вохӯриҳои мусобиқа дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат мегиранд.