Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ширкат хоҳад кард.
Дар чемпионати CAFA-2024, ки аз 17-ум то 24-уми август дар Душанбе баргузор мешавад, шаш тими минтақа – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон ширкат мекунанд. Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2024 рӯзи 15 август дар Душанбе баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ ду гурӯҳ иборат аз се дастаӣ ташкил мегардад. Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯйи системаи даврӣ рақобат мекунанд. Ғолибони гурӯҳ баъдан дар финал ба ҳам меоянд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, дар бозӣ барои зинаи сеюм вомехӯранд. Инчунин барои ҷойҳои панҷуму шашум бозиҳои тасаллобахш сурат мегиранд.