Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо даъвати Ассотсиатсияи футболи Тайланд дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи октябр дар 50-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup», ки дар Тайланд баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Барои дарёфти ҷоиза чаҳор тими миллӣ: Тоҷикистон, Тайланд, Сурия ва Филиппин мубориза мебаранд.
Тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ду ҷуфти даври ниманиҳоиро ташкил карда, ғолибони онҳо дар финал ва мағлубшудагон дар бозӣ барои ҷойи сеюм вомехӯранд. Мусобиқаи «King’s Cup 2024» аз 10 то 15 октябр дар Тайланд баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки ду сол пеш тими миллии Тоҷикистон барандаи мусобиқаи «King’s Cup» дар Чиангмай шуда буд. Он замон дар бозии ҳалкунанда тими мо дар силсилаи пеналти бар мунтахаби Малайзия бо ҳисоби 3:0 (вақти асосӣ – 0:0) пирӯз гашта буд.