Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Гела Шекиладзе ва директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков дар конференсияи сеюми Конфедератсияи футболи Осиё барои мураббиёни тимҳои миллӣ дар Куала-Лумпур ширкат карданд.
Ҳадафи конфронси серӯза, ки таҳти унвони «Ҷоми Осиё-2023 – нигоҳи мураббиёни мунтахабҳо» баргузор шуд, ин имкон фароҳам овардан ба мураббиёни тимҳои миллӣ ва директорони фаннии ассотсиатсияҳои миллии КФО барои таҳлили Ҷоми Осиё дар Қатар буд.
Конференсияи мураббиёни КФО дар Куала-Лумпур барои мураббиёни қитъаи Осиё беҳтарин имконият барои табодули иттилоот ва андешаҳо буда, заминаи муносиб баҳри омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2026 гузошт, ки дар он бори аввал 48 даста иштирок мекунад. Ба дастаҳои Осиё ҳаштуним ҷой ҷудо шудааст.
Директори техникии КФО Энди Роксбург дар конференсияи мазкур чунин гуфт: «Футболи Осиё дар солҳои охир рушди назаррас кард. Пас аз дастовардҳои рекордӣ дар Ҷоми ҷаҳон-2022 дастаҳои осиёӣ баромадҳои таъсирбахши худро дар Ҷоми Осиё идома доданд. Аз баромади олии Тоҷикистон то аввалин финали Урдун, инчунин чанде аз дастаҳои дигари мо таърихсозӣ карда, Ҷоми Осиёро рангин гардониданд».