Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббии нав Марко Раҷини дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия нахустин бозии санҷишии худро баргузор кард.
Аввалин ҳарифи дастаи мо дар бозии дӯстона бошгоҳи «Родина-М» (Москва) буд, ки дар лигаи дуюми Русия баромад мекунад. Вохӯрӣ ба суди дастаи «Родина» анҷом ёфт – 1:0.
Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) боз се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Рӯзи 20-уми март наврасони мо бо дастаи наврасони «Аланяспор» ва рӯзҳои 23 ва 25-уми март бо мунтахаби наврасони Русия рақобатҳои санҷишӣ баргузор мекунанд.
Бояд гуфт, ки барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ дар Анталия як марҳилаи омодагӣ ба даври интихобии Ҷоми Осиё-2025 мебошад, ки аз 19 то 27 октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Рақибони дастаи мо дар даври интихобӣ дертар маълум хоҳад шуд.