Мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба далели ба охир расидани муҳлати шартнома вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистонро тарк мекунад. Таҳти роҳбарии ӯ мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа бомуваффақият баромад карда, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Петр Сегрт барои кори дусолаи муштаракаш изҳори сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда комёбиҳо таманно мекунад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт 24 бозӣ анҷом дода, дар 11 бозӣ пирӯз шуда, 7 бор мусовӣ кардааст ва 6 маротиба ба бохт дучор гардидааст. Инчунин, таҳти роҳбарии Сегрт дастаи мунтахаби Тоҷикистон барандаи ду мусобиқаи байналмилалӣ гардид – соли 2022 тими миллии мо дар мусобиқаи «King’s Cup-2022» дар Таиланд ва соли 2023 дар «Ҷоми Мердека» дар Малайзия ғолиб омадааст.
Номи сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон рӯзҳои наздик эълон хоҳад шуд.