Дар остонаи оғози Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар, имрӯз, 9-уми январ дар меҳмонхонаи «Banyan Tree Doha» бо ширкати тими миллии Тоҷикистон «Team Arrival Meeting» баргузор шуд.
Дар нишаст намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё, бозигарон ва ҳайати мураббиёну маъмурияти тими миллии Тоҷикистон ширкат доштанд. Ҷаласаро ҳамоҳангсози генералии КФО дар варзишгоҳи Абдулло бин Халифа Моҳд Сайфуддин Абу Бакар аз Малайзия ифтитоҳ намуда, тими моро бо иштироки аввалинаш дар Ҷоми Осиё табрик гуфт ва ба даста барору комёбӣ орзу кард. Ба капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров ҷоизаи хотиравии Ҷоми Осиё-2023 ва ба сармураббӣ Петр Сегрт парчами рамзӣ супурда шуд.
Сипас намояндагони КФО оид ба мубориза бар зидди тақаллуб бо натиҷаи бозиҳои футбол, низомномаи мусобиқа, амният ва ҳамкорӣ бо ВАО, инчунин оид ба қоидаҳои бозии футбол маърӯзаҳо карданд. Дар тамоми бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар системаи видеодовар (VAR) истифода мешавад.