Имрӯз, 21 декабр Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) раддабандии охирини тимҳои миллиро дар соли 2023 нашр кард.
Дар он тими миллии Тоҷикистон бо 1195,07 имтиёз дар ҷойи 106-ум қарор гирифтааст. Миёни намояндагони КФО мунтахаби мо дар зинаи 19-ум ҷой дорад. Як сол пеш яккачини Тоҷикистон дар зинаи 108-уми раддабандии ФИФА қарор дошт.
Дар маҷмуъ, дар як соли охир тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт 9 бозӣ анҷом дода, дар 3 бозӣ пирӯз шудааст (Сингапур – 2:0, Малайзия – 2:0, Покистон – 6:1), чор бозиро мусовӣ анҷом дода (АМА – 0:0, Туркманистон – 1:1, Уммон – 1:1 ва Урдун – 1:1), дар ду рақобат (Кувайт – 1:2, Ӯзбекистон – 1:5) шикаст хӯрдааст.
Рейтинги навбатии ФИФА 15 феврали соли 2024 нашр мешавад.