Натиҷаи ҷаласаи навбатии Кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ – Федерация Футбола Таджикистана

Натиҷаи ҷаласаи навбатии Кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ

Дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи кумитаи назоратӣ-интизомӣ баргузор шуд, ки дар он қонуншиканиҳои дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон рӯйдода баррасӣ шуданд.

 

– Барои вайрон кардани моддаи 5 банди 13-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Ҳосилот» – КМВА (27 октябр), дастаи «Ҳосилот» ба хотири риоя накардани шарту талаботи низомномаи мусобиқот ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7, банди 25-и Кодекси интизомии ФФТ дар вохӯрии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои «Истиқлол» – «Равшан» (1 ноябр), бозигари бошгоҳи «Истиқлол» Табрез Исломов ба хотири дағалона вайрон кардани қоидаҳои бозӣ аз ҳаққи ширкат дар 3 рақобат маҳрум ва дар ҳаҷми 500 сомонӣ ҷарима карда шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7, банди 28.1-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи якум «Душанбе» – «Панҷшер» (5 ноябр), бозигари дастаи «Душанбе» Бобурмирзо Баротов ба хотири рафтори дағалона аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима шуд.

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 6, банди 1-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи якум «Барқчӣ» – «Ҳулбук» (11 ноябр), мураббии дастаи «Барқчӣ» Алифбек Беромов бинобар рафтори ғайриахлоқӣ, нодуруст ва ғайриварзишӣ аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима карда шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 6, банди 2-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи якум «Панҷшер» – «Истаравшан» (11 ноябр), мураббии тими «Истаравшан» Бахтиёр Холиқов бинобар дашном додани ҳайати доварон аз ҳаққи ширкат дар 5 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 7, банди 19-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи якум «Шодмон» – «Ориён» (4 ноябр), бозигари дастаи «Ориён» Фирдавс Мусоев ба хотири истифодаи суханҳо, имову ишораҳои таҳқиромез ва қабеҳ аз ҳаққи ширкат дар 5 бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7, банди 17-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи якум «Панҷшер» – «Истаравшан» (11 ноябр), бозигари дастаи «Панҷшер» Мухтор Ортиқов бинобар таҳқири рақиб аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 125 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7, банди 17-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи якум «Панҷшер» – «Истаравшан» (11 ноябр), бозигари дастаи «Истаравшан» Парвиз Деҳқонов бинобар таҳқири рақиб аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 125 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Назари худро бинависед