Маросими қуръакашии тақвими бозиҳои лигаи якуми Тоҷикистон-2023 баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Маросими қуръакашии тақвими бозиҳои лигаи якуми Тоҷикистон-2023 баргузор шуд

Дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе имрӯз, 20 март маросими қуръакашии тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум баргузор шуд.

Дар мавсими нави лигаи якуми Тоҷикистон, ки дар ду марҳила баргузор мешавад, 13 даста – «Душанбе» (Душанбе), «Барқчӣ», «Шодмон» (ҳарду аз Ҳисор), «Истаравшан» (Истаравшан), «Равшан» (Зафаробод), «Гулистон» (Гулистон), «Исфара» (Исфара), «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Саройкамар» (Панҷ), «Ҳулбук» (Восеъ), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) ва «Моҳир» (Ёвон) ширкат меварзанд.

Мувофиқи рақамҳое, ки дастаҳо ҳангоми қуръакашӣ гирифтанд, тақвими чемпионат тартиб дода мешавад.

 

Тибқи низоми Бергер дар даври аввали лигаи якуми Тоҷикистон-2023 бозиҳо ба ин тартиб сурат мегиранд: 

«Истаравшан» (Истаравшан) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

«Душанбе» (Душанбе) – «Исфара» (Исфара)

«Шодмон» (Ҳисор) – «Моҳир» (Ёвон)

«Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд) – «Саройкамар» (Панҷ)

«Хулбук» (Восеъ) – «Баркчӣ» (Ҳисор)

«Равшан» (Зафаробод) – «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ)

 

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум дар мавсими соли 2023 21 апрел оғоз мешавад. Дар чемпионат ҳар як даста 24 вохӯригӣ мегузаронад.

Бар асоси низомнома ду тими беҳтарини лигаи якум ҳаққи ширкат дар лигаи олии Тоҷикистон-2024-ро пайдо мекунад.

Назари худро бинависед