Табибони тимҳои миллии Тоҷикистон – Фаррух Авезов (тими миллӣ), Гуландом Халилова (тими миллии занона) ва Абдусаттор Қаландаров (мунтахаби ҷавонони то 20-сола) дар конфронси тиббии КФО, ки дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор шуд, ширкат намуда, барои хидматҳои шоён бо ҷоизаҳои махсус мукофотонида шуданд.
Табиби тими миллии Тоҷикистон ва бошгоҳи футболи «Истиқлол» Фаррух Авезов бо ҷоизаи тиллоии КФО – барои хидматҳои шоён ва фаъолияти беш аз 25 сола дар тибби варзишӣ сарфароз гардид. Гуландом Халилова, ки беш аз 15 сол дар футболи тоҷик кор мекунад ва ҳамзамон пизишки тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон аст, ҷоизаи биринҷии Конфедератсияи футболи Осиёро гирифт.
Илова бар ин, табиби дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва тими ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Абдусаттор Қаландаров, ки ин рӯзҳо якҷо бо мунтахаби ҷавонони мо дар Ҷоми Осиё-2023 дар Ӯзбекистон қарор дорад, соҳиби нишони биринҷии КФО гардид.
Қобили зикр аст, ки ҷоизаҳои КФО барои қадрдонии саҳми мутахассисони соҳаи тиб дар рушди футбол нигаронида шуда, ҳамзамон барои ҳавасмандкунии дигарон ҷиҳати фаъолияти пурсамар пешбинӣ гардидааст.