КМВА бори аввал дар таърихи худ ғолиби Ҷоми Федератсияи Футболи Тоҷикистон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

КМВА бори аввал дар таърихи худ ғолиби Ҷоми Федератсияи Футболи Тоҷикистон шуд

КМВА-и Душанбе таҳти роҳбарии Аҳлиддин Турдиев дар бозии ниҳоӣ бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард.

Голҳои Хуршед Абдуллоев ва Сӯҳроб Каримов ба бошгоҳи артиш пирӯзӣ оварданд.

Дар рақобат барои ҷойи сеюм дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бар бошгоҳи «Панҷшер» дар силсилаи пеналти бо ҳисоби 5:4 (вақти асосӣ 0:0) ғолиб шуд.

Дар маросими ҷоизасупории мусобиқа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ва раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иштирок намуданд.

Хуршед-Тимур Ҷӯраев, нимҳимоятгари КМВА беҳтарин бозигари финали Ҷоми Федератсия-2023 дониста шуд.

Ғолиби Ҷоми ФФТ-2023 – дастаи КМВА ҳамзамон бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Ба барандаи медали нуқра «Регар-ТадАЗ» 30 ҳазор сомонӣ ва ба барандаи медалҳои биринҷӣ «Равшан»-и Кӯлоб 20 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

 

Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023

Финал

КМВА – «Регар-ТадАЗ» – 2:1

Голҳо: Фирӯз Бобиев, 15 – аз пеналти (0:1). Хуршед Абдуллоев, 24 (1:1). Суҳроб Каримов, 83 (2:1).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Хуршед-Тимур Ҷӯраев (КМВА).

25 феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.

 

Бозӣ барои ҷои сеюм

«Панҷшер» – «Равшан» – 0:0. Аз рӯи пеналти – 4:5

Аз майдон ронда шуд: Бахтовари Хуршед («Равшан»), 100 – корти зарди дуюм.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Евгений Гритсенко («Равшан»).

25 феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

 

Назари худро бинависед