Дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд марҳилаи якуми курсҳои мураббигӣ аз рӯйи барномаи иҷозатномаи «В»-и Конфедератсияи футболи Осиё ҷараён дорад.
Дастурдиҳандаи курсҳо инструктори КФО Боир Игамбердиев ва ёвари ӯ сардори шуъбаи техникии Федератсияи футболи вилояти Суғд Асрор Шораҷабов мебошанд.
Дар ин курсҳо 20 нафар довталаб мебошанд: Мансур Ҳакимов, Манучеҳр Аҳмадов, Фирӯз Бобиев, Даврон Маҳмудов, Фаррух Ҳусайнов, Наимҷон Мансуров, Маҳкамҷон Маҳкамов, Рустамҷон Юсупов, Бузургмеҳр Гулов, Фаррух Тухтабоев, Фарҳодҷон Умаров, Шаҳзод Нурматов, Саидҷон Абдуллоев, Зоҳирҷон Қурбонов, Шералӣ Бегов, Абдумалик Қирғизбоев, Муҳиддин Рустамов, Дониш Саидзода, Мавлон Исмоилов ва Ғайрат Нозимов.
Марҳилаи дуюми курсҳои мураббигӣ аз рӯйи барномаи иҷозатномаи «В» аввали соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. Пас аз анҷоми ҳарду марҳила иштирокчиён аз рӯйи барномаи таълимии анҷомшуда имтиҳон месупоранд.