Бо даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии дӯстона миёни мунтахабҳои Тоҷикистону Русияро ҳайати доварон аз Ӯзбекистон ҳакамӣ мекунад.
Вазифаи довари марказии ин бозиро довари 38-солаи ФИФА Илгиз Танташеви ӯзбек, ки ба категорияи доварони элитаи КФО шомил аст, иҷро мекунад. Ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Тимур Гайнуллини 40-сола ва Андрей Сапенкои 35-сола кӯмак мекунанд.
Бояд гуфт, рӯзи 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мегардад.
🤝 Бозии дӯстона
📆 17 ноябр (панҷшанбе)
⏰ Оғоз соати 20:00
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия
Довари марказӣ: Илгиз Танташев (Ӯзбекистон).
Ёварон: Тимур Гайнуллин, Андрей Сапенко (ҳарду аз Ӯзбекистон).
🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ