Сардори шуъбаи тиббии Федератсияи футболи Тоҷикистон, табиби тими миллии Тоҷикистон ва дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Фаррух Авезов корманди тиббии Конфедератсияи футболи Осиё таъйин шуд.
Авезов дар бозии ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми КФО-2022 байни бошгоҳҳои «Суғдиёна» (Ӯзбекистон) ва «Истерн Лион» (Ҳонконг), ки рӯзи 6 сентябр дар Ҷиззах баргузор мешавад, ба ҳайси корманди тиббӣ фаъолият хоҳад кард.