Дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назорату интизомӣ баргузор гардид, ки дар он қарорҳои зерин қабул шуданд:
Барои вайронкунии ҷиддии моддаи 7, банди 34-и Кодекси интизомии ФФТ:
– Бозигар Ҷ. Зардиев аз ҳама гуна фаъолияти футболӣ якумра маҳрум карда шуд;
Бар асоси моддаи 2, банди 3-и Кодекси интизомии ФФТ:
– Бозигар О. Сафаров ба муҳлати 3 сол аз ҳаққи ба майдон баромадан маҳрум ва 10 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд;
– Бозигар И. Зоиров ба муҳлати 3 сол аз ҳаққи ба майдон баромадан маҳрум ва 10 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд;
– Бозигар Э. Аҳмадхон ба муҳлати 3 сол аз ҳаққи ба майдон баромадан маҳрум ва 10 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд;
– Бозигар Н. Иброҳимзода ба муҳлати 2 сол аз ҳаққи бозӣ маҳрум ва 10 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд;
– Бозигар М. Азимов ба муҳлати 2 сол аз бозӣ маҳрум гардида, ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд;
– Бозигар К. Саидов то охири соли 2022 аз ҳуқуқи ба майдон баромадан маҳрум гардида, ба маблағи 2000 сомонӣ ҷарима баста шуд;
– Бозигар А. Забиров то охири соли 2022 аз ҳуқуқи ба майдон баромадан маҳрум гардида, ба маблағи 2000 сомонӣ ҷарима баста шуд;
– Бозингар С. Авғонов то охири соли 2022 аз ҳуқуқи ба майдон баромадан маҳрум гардида, ба маблағи 2000 сомонӣ ҷарима баста шуд;
– Бозигар Ш. Солеҳов то охири соли 2022 аз ҳуқуқи ба майдон баромадан маҳрум гардида, ба маблағи 2000 сомонӣ ҷарима баста шуд.