Дар сохтори Лигаи футзали Тоҷикистон тағйирот ба амал омад. Бахтовар Меликов, ки қаблан дар вазифаи мудири шуъбаи мусобиқоти ЛФТ кор мекард, директори нави Лигаи футзали кишвар таъйин шуд.
Бахтовар Меликов дар мақоми роҳбари Лигаи футзали Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷоновро, ки ҳафтаи гузашта ба ҳайси дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон таъйин шуда буд, иваз кард.