Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бар дастаи Сингапур пирӯз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бар дастаи Сингапур пирӯз шуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 пирӯзии дуюмашро ба даст овард. 

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуввуми марҳилаи интихобӣ бар тими Сингапур бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Нимҳимоятгар Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 53-юми вохӯрӣ муаллифи голи ягона ва пирӯзиовар гардид. 

Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 14-уми июн бо тими миллии Қирғизистон бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуда, соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

 

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи F. Даври 2

Сингапур – ТОҶИКИСТОН – 0:1

Гол: Шервонӣ Мабатшоев, 53.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Далер Имомназаров, 83), Шервонӣ Мабатшоев (Алиҷон Кароматуллозода, 88), Эҳсони Панҷшанбе (Сиёвуш Асроров, 90+4), Парвизҷон Умарбоев (Нуриддин Ҳамроқулов, 83), Манучеҳр Ҷалилов.

11 июн. Бишкек. Варзишгоҳи Долон Омурзоқов. 84 тамошобин.

Назари худро бинависед