Имрӯз, 25-уми апрел дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назорат ва интизомӣ баргузор гардид, ки дар он қонуншиканиҳо дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои Лигаи олӣ
– Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 12 Кодекси интизомии ФФТ, барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии дастаи меҳмон (рафтори нодурусти ҳайати шахсӣ, дар ин ҳолат ҳайати ёрирасоне, ки ҷарроҳатбардоштаро аз майдон интиқол медоданд) дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои Лигаи олӣ «Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ» (23 апрел), тими «Истаравшан» ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.
– Барои риоя накардани моддаи 7, банди 23-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар барқасд задани рақиб ифода шудааст (занбаркаше, ки бозигари «Регар-ТадАЗ»-ро задааст, футболбози дастаи эҳтиётии «Истаравшан» будааст) дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои Лигаи олӣ «Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ» (23 апрел), бозигари дастаи «Истаравшан» Умед Муқумов аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум карда шуд.
– Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 13-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар риоя накардани шарту талаботи Низомномаи мусобиқа дар бозии Coca-Cola-чемпионати-2022 байни дастаҳои Лигаи олӣ «Файзканд» – «Хатлон» (24 апрел) ифода шудааст, тими «Файзканд» ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима карда шуд.