Имрӯз, 9-уми апрел, собиқ довари Тоҷикистон Раҳмон Муртазоев, ки феълан вазифаи сардори шуъбаи иншоотҳои варзишии Федератсияи футболи Тоҷикистонро бар уҳда дорад, 60-сола шуд.
Раҳмон Муртазоев солҳои зиёд дар сохтори Федератсияи футболи Тоҷикистон кор мекунад. Тӯли 22 сол дар бозиҳои чемпионат, Ҷом ва Суперҷоми Тоҷикистон доварӣ кардааст. Панҷ маротиба – солҳои 1999, 2003, 2011, 2012 ва 2013 беҳтарин довари футбол дар Тоҷикистон эътироф шудааст.
Федератсияи футболи Тоҷикистон Раҳмон Мустафоқуловичро бо рӯзи мавлуд самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, хонаободӣ, нерӯи бепоён ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамояд!