Рӯзи 4-уми ноябр байни ҳамлагари дар гузашта маъруфи дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Спартак”-и Москва ва тими миллии Тоҷикистон, устод Муҳсин Муҳаммадиев ва Ширкати букмекерии «Parimatch» шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расид.
Афсонаи футболи тоҷик Сафири нави ширкати «Parimatch» дар Осиёи Марказӣ таъин шуд.
Чорабинӣ бо иштироки намояндагони ВАО дар меҳмонсарои «Тоҷ-Палас», дар шаҳри Душанбе баргузор гашт.
Директори генералии Ширкати букмекерии «Parimatch Тоҷикистон» Абдусаттор Ҳасанов аз бастани шартномаи ҳамкорӣ бо яке аз ситораҳои тобони футболи ватанӣ изҳори хушнудӣ намуда, боварӣ зоҳир кард, ки ин ҳамкорӣ барои ҷонибҳо муддавому самаранок хоҳад буд.
Дар навбати худ Муҳсин Муҳаммадиев ҳам ба роҳбарияти Ширкат барои интихобашон изҳори сипосгузорӣ намуда, ба ҳамкории судманди дуҷониба изҳори боварӣ кард.