Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021: натоиҷи даври бисту якум – Федерация Футбола Таджикистана

Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021: натоиҷи даври бисту якум

Бозиҳои даври бисту якуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои истироҳатии 25-ум  ва 26-уми сентябр баргузор шуданд.

Дар бозии марказии ин давр “Истиқлол”-и Душанбе дар сафар бар “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 1:0 дастболо шуда, бо 51 имтиёз мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқа мустаҳкамтар намуд.

“Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ бар дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард. “Хуҷанд” бо 41 имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад.

Клуби марказии варзишии артиш (КМВА)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба дарвозаи тими “Душанбе” чор голи беҷавоб зад. Ҳар чор голро Фатҳулло Фатҳуллоев ба самар расонид. КМВА бо 33 имтиёз мавқеашро дар зинаи севум нигаҳ дошт.

“Файзканд”-и Восеъ дар сафар бар тими “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард ва аз минтақаи хатар берун шуд.

Бозӣ миёни дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар ва «Равшан»-и Кӯлоб  бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт.

Бозиҳои даври 22-юми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 2-3-юми октябр баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе «Равшан» бо «Душанбе», «Кӯктош» бо «Эсхата», «Хатлон» бо «Истаравшан» ва рӯзи якшанбе «Файзканд» бо КМВА ва «Истиқлол» бо «Хуҷанд» бозӣ мекунанд.

CocaCola-чемпионати Тоҷикистон Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 21-ум

КМВА – «Душанбе» – 4:0

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 6 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 38 (2:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 80 (3:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 82 (4:0).

 

«Хуҷанд» – «Кӯктош» – 4:2

Голҳо: Нодирбек Иброҳимов, 2 – ба дарвозаи худ (1:0). Нозим Бобоҷонов, 11 (2:0). Комрон Турсунов, 19 (3:0). Насимҷон Муҳаммадиев, 27 (3:1). Далер Ёдгоров, 39 (4:1). Насимҷон Муҳаммадиев, 90+1 (4:2).

 

«Истаравшан» – «Истиқлол» – 0:1

Гол: Алексей Ларин, 49.

 

«Эсхата» – «Файзканд» – 0:1

Гол: Н’Ди Лукас Кевин, 54.

 

«Хатлон» – «Равшан» – 2:1

Голҳо: Овусу Обед, 10 (0:1). Нуриддин Ҳамроқулов, 65 (1:1). Парвиз Боқӣ-Охунов, 90+4 (2:1).

 

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 20 16 3 1 57-7 51
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 20 13 2 5 43-21 41
3 КМВА (Душанбе) 21 9 6 6 30-25 33
4 «Истаравшан» (Истаравшан) 21 8 5 8 23-22 29
5 «Хатлон» (Бохтар) 21 8 5 8 23-26 29
6 «Эсхата» (Хуҷанд) 21 8 3 10 29-35 27
7 «Равшан» (Кӯлоб) 21 5 8 8 20-26 23
8 «Файзканд» (Восеъ) 21 5 5 11 14-26 20
9 «Душанбе» (Душанбе) 21 4 6 11 21-48 18
10 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 21 4 5 12 26-50 17

 

Нишонзанҳо: Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 11 гол, Рустам Соиров, Манучеҳр Ҷалилов (ҳарду аз «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 10-голӣ, Фатҳулло Фатҳуллоев (КМВА), Акобир Тӯраев («Эсхата»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 9-голӣ.

 

Даври 22-юм

2 октябр (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15:00

«Равшан» – «Душанбе»

«Кӯктош» – «Эсхата»

«Хатлон» – «Истаравшан»

3 октябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15:00

«Файзканд» – КМВА

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Назари худро бинависед