Нишасти навбатии Кумитаи назорати интизоми ФФТ – Федерация Футбола Таджикистана

Нишасти навбатии Кумитаи назорати интизоми ФФТ

Рӯзи панҷшанбеи 12-уми август, таҳти раёсати Тоҳир Нурзода нишасти навбатии Кумитаи назорати интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар ҷаласа қоидавайронкуниҳо дар бозиҳои Лигаи футболи мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ба қоидавайронкунандаҳо тибқи Кодекси назорати интизоми ФФТ ҷазо таъин гардид.

Аз ҷумла, барои халалдор намудани банди 13 боби 5 Кодекси назорати интизоми Федератсия, ки иҷро накардани шарт ва талаботи Низомномаи баргузории бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистонро ифода менамояд, дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар дар бозии сафарии худ бо дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе (7 август) ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд. Дар ҳамин вохӯрӣ бозигари дастаи КМВА Алиҷони Кароматуллозода низ барои халалдор намудани банди 18 боби 7 Кодекси назорати интизоми Федератсия, ки маҳрум кардани ҳариф аз ҳолати возеҳи голзаниро ифода мекунад, аз ҳақи иштирок намудан дар 1 бозии навбатӣ барканор шуда, ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Инчунин, дар бозии болозикр барои халалдор намудани банди 28.1.6 Кодекси назорати интизоми ФФТ, ки кӯшиши расонидани таъсири ҷисмонӣ ба бозигари ҳарифро ифода мекунад, бозигари дастаи “Хатлон” Жан Гатен НД аз ҳақи иштирок намудан дар 2 бозии навбатӣ маҳрум шуда, ба маблағи 250 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

Кумитаи назорати интизоми ФФТ ба дигар қоидавайронкунҳои Лигаи футболи Тоҷикистон низ мутобиқи қоидавайронкуниҳояшон ҷазо таъин намуд.

Назари худро бинависед