Лигаи футболи Тоҷикистон беҳтарин бозингар ва беҳтарин мураббии моҳи лигаи якуми Тоҷикистонро муайян сохт. Ниммуҳофизи “Регар-ТадАз”-и Турсунзода Шерзод Муҳаммадиев беҳтарин бозингари лигаи якуми Тоҷикистон дар моҳи май эътироф шуд. Шерзод дар бозиҳо бар муқобили «Исфара» (5:2), «Ҳулбук» (2:1) ва «Динамо» (2:1) беҳтарин бозингар шинохта шуда буд.
Беҳтарин мураббии лигаи якуми Тоҷикистон дар моҳи май, сармураббии “Ҳосилот”-и Фархор Раҳматулло Фузайлов дониста шуд. Дар ин моҳ, дар оғози мусобиқа дастаи “Ҳосилот” зери роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар панҷ бозӣ ғолиб омада, якҷоя бо “Регар-ТадАз” дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад.
Ба ғолибон аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон маблағи пулӣ ба ҳар яке дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ пеш аз оғози даври шашуми мусобиқа супорида мешавад. Даври шашуми бозиҳо дар лигаи якуми Тоҷикистон рӯзҳои 5-6 июн баргузор хоҳад шуд.