Директори генералии ЛФТ Сайвалӣ Шоқурбонов – дар бораи натиҷаҳои мавсими соли 2020 ва нақшаҳои оянда – Федерация Футбола Таджикистана

Директори генералии ЛФТ Сайвалӣ Шоқурбонов – дар бораи натиҷаҳои мавсими соли 2020 ва нақшаҳои оянда

Директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов натиҷаҳои мавсими соли 2020-ро ҷамъбаст намуда, дар бораи мушкилоте, ки Лига ҳангоми гузаронидани мусобиқаҳо дар давраи пандемияи COVID-19 дучор омад, сухан ронд ва нақшаҳои Лигаро барои соли оянда шарҳ дод.

 

– Мавсими сипаришударо шумо дар маҷмӯъ чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

Лигаи футболи Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли 2020 дар партави сиёсати оқилона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, инчунин бо мақсади амалӣ намудани қарорҳои Кумитаи иҷроияи ФФТ анҷом дод…
Соли 2020 ҳам барои Лигаи футболи Тоҷикистон ва ҳам барои клубҳо аз ҳисоби пандемияи ҷаҳонии COVID-19, соли душвор буд. Бо вуҷуди ҳама мушкилот, бо талошҳои муштарак ва дастгирии роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мо тавонистем ҳамаи чорабиниҳоеро, ки имсол дар нақша гирифта будем, иҷро намоем.

Дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ФФТ 23 даста аз лигаҳои олӣ, якум ва дуюм ширкат варзиданд. Дар мусобиқа барои Ҷоми Лигаи футболи кишвар бошад нӯҳ дастаи лигаи олӣ иштирок намуд.  Чун анъана, пеш аз оғози чемпионат дар лигаи олии мамлакат бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон баргузор шуд. Дар мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон, ки аз рӯи дараҷабандӣ дувумин мусобиқаи Лигаи футболи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар ин мавсим 22 даста иштирок намуд.

– Мавсими соли 2020 ҳангоми хуруҷи пандемия сурат гирифт. ЛФТ дар ҷараёни баргузории мусобиқаҳо ба чӣ мушкилот дучор шуд?

– Албатта, вазъияти бо сабабаи хуруҷи COVID-19 ба амал омада таъсири бевоситаи худро гузошт. Бо мақсади эҳтиёт, ҳамаи бозиҳо имсол бидуни тамошобин баргузор шуданд. Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон тамоми чораҳоро андешид, то бозиҳои чемпионати кишвар тавассути шабакаҳои телевизионии “Варзиш” ва “Футбол”, инчунин дар манбаҳои интернет мустақим пахш карда шавад, то мухлисон бозиҳои дастаҳои худро тамошо кунанд. Пас аз чор даври бозиҳои Лигаи олӣ бо сабаби пандемия дар чемпионат, таваққуфи маҷбурӣ ба амал омад, ки 50 рӯз идома ёфт. Пеш аз барқарор кардани чемпионати Тоҷикистон, бо назардошти вазъи молиявии дастаҳо дар давраи пандемия, мо ба Кумитаи иҷроияи ФФТ тавсия додем, ки шумораи қисмҳои мусобиқаро аз 3 ба 2 кам кунад.

Мо, инчунин, зичии тақвими мусобиқаҳои байналмилалиро бо иштироки дастаҳои мунтахаб ва бошгоҳҳои кишвар ба назар гирифтем, он замон, тибқи тақвими AFC, мебоист бозиҳо тирамоҳ баргузор мешуданд. Дар натиҷа, дастаҳо дар чемпионат ба ҷои 27, ки ибтидо дар аввали сол ба нақша гирифта шуда буд, 18 бозӣ карданд.

Ғайр аз ин, мо имсол бо назардошти фикри клубҳо, шакли Ҷоми Тоҷикистонро тағйир додем. Агар солҳои қаблӣ дастаҳо дар ҳар як марҳила ду бозӣ – дар хона ва дар майдони ҳариф гузаронида бошанд, пас дар мавсими 2020 ҳар як марҳилаи мусобиқа аз як бозӣ иборат буд. Мизбонон дар натиҷаи қуръакашӣ тавассути сеткаи баргузории Ҷоми Тоҷикистон муайян карда шуданд.

 Дар мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2020 кадом лоиҳаҳо амалӣ карда шуданд?

– Бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мисли солҳои қаблӣ як қатор лоиҳаҳо ва ташаббусҳо амалӣ карда шуданд. Пеш аз оғози мавсими нав бо мақсади омодагии беҳтари дастаҳо дар маркази тандурустии “Баҳористон” дар шаҳри  Гулистони вилояти Суғд ҷамъомади омӯзишиву машқӣ ва  мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон ташкил карда шуд. Чорабиниҳои мазкур дар омодагии дастаҳо таъсири бевосиаи худро гузоштанд.  Дар рафти баргузории ин мусобиқа мо  барои мураббиён машғулиятҳои методӣ гузаронидем, ки дар он иштирокчиён бозиҳои худро дар Ҷоми Лига таҳлил намуда, таҷрибаи худро бо ҳамкасбон мубодила карданд. Бешубҳа, ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ ва баргузории мусобиқа барои Ҷоми Лига, ки барои дастаҳо ройгон ташкил карда шуд, дар маҷмӯъ ба онҳо дар омодагияшон ба оғози мавсими нав  кӯмак кард.

Бори аввал мо дар яке аз ташхисгоҳҳои пойтахт барои ҳамаи бозингарони лигаҳои олӣ ва якум, инчунин барои аъзоёни ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олии мамлакат азназаргузаронии амиқи марказонидашудаи тиббиро ташкил намудем. Тамоми хароҷоти молиявии марбут ба муоинаи тиббии дастаҳоро Федератсияи футболи кишвар ба ӯҳда гирифт.

Соли сеюм аст, ки ҳамаи дастаҳои лигаи олӣ ва ҳайати ҷавонони онҳо таҷҳизоти варзиширо ройгон мегиранд. Инчунин, ба ҳамаи дувоздаҳ дастаи лигаи якуми Тоҷикистон таҷҳизот ва сарулибоси варзишӣ тариқи ройгон дода шуд. Мо дастаҳоро бо тӯбҳои тамғаи “Molten” таъмин кардем. Дар ҳама бозиҳои мусобиқаҳои аз ҷониби  Лигаи футболи Тоҷикистон баргузоршуда, ҳақи хидмати доварон, комиссарон ва нозиронро Федератсияи футболи Тоҷикистон пардохт намуд.

Инчунин, бояд илова намоям, ки  барои беҳтар кардани инфрасохтори клубҳо корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Барои варзишгоҳҳои хонагии дастаҳои КМВА (Душанбе), “Ваҳдат” (Ваҳдат), “Равшан”  (Кӯлоб) ва “Саройкамар” (Панҷ) мо аз Олмон дарвозаҳои футболро, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ ҳастанд, харидорӣ намудем.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кишвар ҳар сол кӯшиш мекунанд, ки инфрасохтори дастаҳоро беҳтар намуда, ҷиҳати устувории молиявии онҳо саҳмгузор бошанд.

Ин мавсим аз солҳои қаблӣ бо чӣ фарқ дошт?

– Пеш аз оғози мавсим, Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон зиёд намудани шумораи иштирокчиёни лигаи олиро аз ҳашт то даҳ даста тасдиқ кард. Фикр мекунам, сарфи назар аз омилҳои иқтисодӣ ва дигар омилҳои таъсиргузор, имсол дастаҳо рақобатпазирии хеле баланд нишон доданд. Масалан, мубориза барои медалҳо ва боқӣ мондан дар Лигаи олӣ то даври охирин идома ёфт. Барои ин метавон ҷадвали ҷамъбастии мависми соли гузашта ва имсоларо муқоиса намуда, фарқияти имтиёзҳои дастаҳоро дида, хулосаи худро баробвард. Дар ҷамъбасти натиҷаи имсола “Истиқлол” чемпиони кишвар шуд ва ҳуқуқи намояндагии Тоҷикистонро дар мусобиқаи навбатии Лигаи чемпионҳои КФО соҳиб гашт, ки дар он клуби футболи шаҳри Душанбе аз марҳилаи гурӯҳӣ баромад мекунад.

Дар лигаи якуми Тоҷикистон низ  мубориза хеле шадид буд, ки дар натиҷа ду роҳхат барои иштирок дар лигаи олиро дар мавсими оянда дастаҳои “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб ва “Эсхата” -и Хуҷанд ба даст оварданд. Қобили зикр аст, ки дастаи шаҳри  Кӯлоб на танҳо ғолиби лигаи якуми кишвар, балки соҳиби Ҷоми миллӣ низ гардид. Дар таърихи баргузории Ҷоми кишвар то ин дам  ягон дастаи лигаи якум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст наоварда буд. Боиси хушнудист, ки “Равшан” талаботҳои  литсензиядиҳии клубҳоро бомуваффақият гузашт ва соли оянда Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC аз марҳилаи гурӯҳӣ намояндагӣ мекунад.

Як хусусияти фарқкунандаи мавсими хотимаёфтаро дар чемпионати Тоҷикистон дар якбора роҳандозӣ намудани якчанд барнома мебинам. Тайи чанд соли охир Лигаи футболи Тоҷикистон пайваста бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ семинарҳо ва курсҳои такмили ихтисос мегузаронад. Ин ташаббусҳо аллакай натиҷаҳои назаррас доданд. Лигаи футболи Тоҷикистон имсол барномаҳои CMS (System Management Competition) ва FIFA Connect -ро дар чемпионати Лигаи олии Тоҷикистон пурра амалӣ намуд.

Бояд илова намуд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ низ барқарор карда шуданд. Ҳоло ҳама хабарҳо, аз ҷумла натиҷаҳои бозӣ ва дигар маълумот дар сайти расмии Лига ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ  (Телеграмм, Фейсбук, Инстаграм) якбора бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

– Дар ҷаласаи охирини Кумитаи иҷроияи ФФТ масъалае дар бораи зиёд кардани шумораи иштирокчиёни чемпионат аз соли 2023 ба миён омад. Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

– Ҳадафи ФФТ ва ЛФТ тадриҷан зиёд кардани дастаҳо бо риояи принсипи варзишӣ мебошад. Боиси хушнудист, ки Кумитаи иҷроияи ФФТ қарори зиёд кардани шумораи дастаҳо дар Лигаи олиро аз 10 ба 12 шурӯъ аз соли 2023 тасдиқ кард. Мо, шахсони масъул, аллакай таҳияи нақшаи чорабиниҳоро оид ба таҳкими заминаи молиявӣ, маъмурӣ, ҳуқуқӣ, инфрасохторӣ ва варзишии дастаҳои лигаҳои поёнӣ оғоз кардем. Дар ниҳоят, клубҳое, ки барои ба элитаи футболи тоҷик ворид шудан талош хоҳанд кард, бояд меъёрҳои литсензиядиҳии ФФТ, ЛФТ ва КФО -ро риоя кунанд. Зиёд гаштани шумораи дастаҳо дар лигаи олӣ бояд рақобатро афзуда, сифати футболро баланд бардорад ва инро барои намоишкорӣ анҷом надиҳад.

– ЛФТ дар мавсими нав чӣ нақшаҳо дорад?

– Лигаи футболи Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати мусобиқаҳо ва бозиҳои футбол дар мавсими соли 2021 як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст. Соли оянда мо нақша дорем, ки барои баланд бардоштани дониш ва касбияти клубҳои футболи кишвар як қатор семинарҳо ва курсҳои таълимӣ баргузор намоем. Умедворам, ки соли оянда пандемия рафъ хоҳад шуд ва ҳамаи бозиҳои Лига бо иштироки тамошобинон баргузор мешаванд. Футбол бидуни мухлис бисёр чизҳоро аз даст медиҳад. Мо ташкилу баргузор намудани чорабиниҳо ва мусобиқаҳои гуногуни фарҳангию фароғатиро ба нақша гирифтаем, то ҳарчи бештар мухлисонро ба варзишгоҳҳо ҷалб намоем ва бо ин тарғиби тарзи ҳаёти солимро ба роҳ монем.

Ғайр аз он, мо нақша дорем, ки озмуни “Варзишгоҳи беҳтарин”-ро баргузор намоем. Ҳар моҳ, дар асоси таҳлили муфассал, мо ният дорем, ки беҳтарин мураббиён, бозигаронро муайян намуда, онҳоро ҳавасманд намоем. Мо ба нақша гирифтаем, ки барномаҳои рақамиро дар ҳама мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон баргузоршуда, ки яке аз талаботҳои асосии FIFA ва AFC мебошад, марҳила ба марҳила татбиқ намоем.

Дар хотима чӣ гуфтаниҳое доред?

– Ман мехоҳам ба ҳамаи футболбозон, мураббиён, доварон, менеҷерон, роҳбарони клубҳо, мутахассисон, дӯстдорони футбол, собиқадорон ва рӯзноманигорон муваффақиятҳои нав ва амалигардонии ҳамаи нақшаҳои доштаашонро дар соли нав орзу намоям. Ба клубҳои “Истиқлол”, “Равшан” ва “Хуҷанд”, ки дар мусобиқаҳои бошгоҳии Осиё кишвари моро муаррифӣ мекунанд, муваффақият мехоҳам. Ман, инчунин аз самими қалб ба дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муваффақият мехоҳам. Умедворам, ки соли 2021 барои тамоми футболи тоҷик соли боз ҳам бобарортар хоҳад шуд.

Бо истифода аз фурсат, ман мехоҳам ба ширкатҳои “Coca Cola”, “Parimatch” ва Siyoma барои дастгирӣ, ки имсол мутаносибан сарпарастони унвони чемпионат, Ҷоми Тоҷикистон ва лигаи якуми кишвар буданд, сипосгузорӣ баён намоям.

Инчунин, ба телевизионҳои “Варзиш”, “Футбол” ва тамоми Васоити Ахбори Омма, ки дар тӯли сол бо мо ҳамкории зич доштанд, изҳори миннатдорӣ мекунам.

Назари худро бинависед