Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, рӯзи 9 декабр, вазири варзиш ва президенти Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ, роҳбари лоиҳаи Эр-Риёз-2030 шоҳзода Абдулазиз бин Турки Ал-Файсалро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои асосии ҳамкориҳои байни кишварҳоро муҳокима карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Арабистони Саудӣ, инчунин Кумитаҳои миллии олимпӣ ва Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дода шуд.
Намояндагони Арабистони Саудӣ ҳангоми сафари корӣ нақшаҳои худро барои Бозиҳои тобистонаи Осиё-2030 муаррифӣ карданд.