Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз Баҳрайн мағлуб шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз Баҳрайн мағлуб шуд

Тими миллии Тоҷикистон дирӯз, 7 ноябр, дар Дубай бо тими миллии Баҳрайн бозии дӯстона анҷом дод. Вохӯрӣ, ки дар муборизаи баробар сурат гирифт, бо пирӯзии минималии футболбозони Баҳрайн – 1:0 хотима ёфт.

Голи ягонаро дар дақиқаҳои охири қисми аввали бозӣ ҳамлагари баҳрайнӣ Муҳаммад Саад Ал-Румайҳӣ ба ҳадаф расонд. Рӯзи панҷшанбеи 12 ноябр мунтахаби Тоҷикистон бозии дуввуми дӯстонаро дар Дубай баргузор мекунад. Рақиби дастаи мо тими миллии АМА хоҳад буд.

 

Бозии дӯстона

Баҳрайн – ТОҶИКИСТОН – 1:0

Гол: Муҳаммад Саад Ал-Румайҳӣ, 44.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эгашев, Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев (Манучеҳр Ҷалилов, 87), Табрези Давлатмир (Муҳаммадҷон Раҳимов, 80), Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Абдулмумин Забиров (Комрон Турсунов, 70), Эҳсони Панҷшанбе, Илҳомҷон Баротов (Ислом Зоиров, 70), Шериддин Бобоев (Рустам Соиров, 80).

Сардовар: Аҳмед Иссо Дарвеш (АМА).

7 ноябр. Дубай. Варзишгоҳи «Police Officers’ Club».

Назари худро бинависед