Бозии ниҳоии Париматч – Ҷоми Тоҷикистон-2020 байни «Равшан» ва «Хатлон» рӯзи 18 октябр дар Ҳисор мегузарад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии ниҳоии Париматч – Ҷоми Тоҷикистон-2020 байни «Равшан» ва «Хатлон» рӯзи 18 октябр дар Ҳисор мегузарад

Бозии ниҳоии Париматч – Ҷоми Тоҷикистон-2020, ки дар он ду дастаи вилояти Хатлон – «Равшан»- и Кӯлоб ва «Хатлон» – и Бохтар вомехӯранд, рӯзи якшанбеи 18 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бе ҳузури мухлисон баргузор мешавад. Бозӣ тавассути шабакаҳои телевизиони “Варзиш” ва “Футбол” мустақиман намоиш дода мешавад.

Қобили қайд аст, ки “Равшан” то роҳ ёфтан ба бозии ниҳоӣ, дар марҳилаҳои гуногуни ин мусобиқа бар дастаҳои «Ҳулбук» (3:2), «Панҷшер» (3:2), «Истиқлол» (4:2) ва «Регар-ТадАЗ» (1:0) зафар ёфт.

«Хатлон» – и Бохтар бошад, то расидан ба бозии ниҳоӣ бар дастаҳои «Файзканд» (2:1), «Эсхата» (1:0) ва «Истаравшан» (2:0).

Қаблан, «Равшан» (соли 2003 даста «Олимп-Ансол» ном дошт) се маротиба ба бозии финалӣ барои Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта, ҳамагӣ як маротиба (соли 1994) онро ба даст овардаст. Дар он сол “Равшан” дар бозии ниҳоӣ дастаи “Шодмон”-и Ҳисорро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб сохта буд.

«Хатлон» бошад дар таърихи фаъолияти худ (қаблан даста “Вазш” ном дошт) чор маротиба ба бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромада, ду маротиба (солҳои 1997 ва 2003) онро ба даст овардаст.

Ёдрас мешавем, ки ҳабдаҳ сол пеш – соли 2003 ҳардуи ин дастаҳо дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ҳам рақобат кардаанд.

 

Париматч – Ҷоми Тоҷикистон-2020

Финал

18 октябр (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 14:00

«Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар)

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

Ҳамаи бозиҳои финалии Ҷоми Тоҷикистон (1992-2020):

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзоде) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Бо пеналти – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳиссор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Бо пеналти – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хӯҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Бо пеналти – 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғаффуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1.

Бо пеналти – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1.

Бо пеналти – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2.

Бо пеналти – 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. Бо пеналти – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Бо пеналти – 4:2

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – ???

Назари худро бинависед