Чемпионати Тоҷикистон-2020: шикасти «Регар-ТадАЗа» аз «Хатлон», мусовии КМВА бо «Истаравшан» – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Тоҷикистон-2020: шикасти «Регар-ТадАЗа» аз «Хатлон», мусовии КМВА бо «Истаравшан»

Даври ифтитоҳии қисми дуюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо баргузории ду бозии боқимонда анҷом ёфт.

“Хатлон” дар варзишгоҳи “Пахтакор” -и Бохтар “Регар-ТадАз”-и Турсунзодаро қабул карда, бо ҳисоби каони 4 бар 2 шикас дод. Ду голи бохтариҳоро капитани даста Умарҷон Шарипов ва як голиро Парвиз Боқиохунов бо легионери камерунӣ Жана Гате ба самар расонданд. Ҳардлу голи металлургчиёнро Нозим Бобоҷонов аз пеналти ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари даври ифтитоҳии қисми дуюми чемпионат КМВА дар варзишгоҳи Клуби Марказии Варзишии Артиши Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи “Истарвшан”-и Истаравшанро қабул намуд. Ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт. Ба голи задаи Шодибек Ғаффоров меҳмонони истаравшанӣ бо зарбаи нишонраси Саиддостон Фозилов посух доданд.

Баъди даҳ даври бозиҳо дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 28 имтиёз пешсаф мебошад. “Хуҷанд” бо 22 имтиёз дар зинаи дуюм ва “Хатлон” бо 21 имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвали мусобиқа қарор доранд.

Бозиҳои даври навбатии чемпионат рӯзҳои 12 ва 13 август доир мешаванд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 10-ум

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 4:2

ГолҳоУмарҷон Шарипов, 1 (1:0). Нозим Бобоҷонов, 15 – аз пеналти (1:1). Парвиз Боқиохунов, 51 (2:1). Нозим Бобоҷонов, 59 – аз пеналти (2:2). Умарҷон Шарипов, 79 (3:2). Жан Гатен, 90 (4:2).

Огоҳонида шудандСаидшо Бозоров, Шаҳром Исмоилов, Кароматулло Саидов («Хатлон»), Акбари Шелдари Араш, Фирӯз Қараев, Доробҷон Эргашев («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин бозигари дидор: Умарҷон Шарипов («Хатлон»).

9 август. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор».

 

КМВА – «Истаравшан» – 1:1

ГолҳоШодибек Ғаффоров, 13 (1:0). Саиддостон Фозилов, 44 (1:1).

Пеналтии амалинашуда: Шодибек Ғаффоров (КМВА), 90+9 – дарвозабон.

Огоҳонида шуданд: Алиҷон Кароматуллозода, Дмитрий Бондар (КМВА), Саиддостон Фозилов, Зуфарҷон Акбаралиев («Истаравшан»).

Беҳтарин бозигари дидор: Беҳрӯз Хайриев («Истаравшан»).

9 август. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи ҶТ.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 10 9 1 0 42-5 28
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 10 7 1 2 19-11 22
3 «Хатлон» (Бохтар) 10 6 3 1 20-14 21
4 КМВА (Душанбе) 10 4 3 3 14-13 15
5 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 10 3 4 3 11-12 13
6 «Душанбе-83» (Душанбе) 10 3 2 5 10-18 11
7 «Файзканд» (Восеъ) 10 2 5 3 10-17 11
8 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 10 2 2 6 15-23 8
9 «Истаравшан» (Истаравшан) 10 1 2 7 11-27 5
10 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 10 1 1 8 7-19 4

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов, Алишер Ҷалилов (ҳарду аз «Истиқлол») – 10 голӣИлҳом Баротов («Истаравшан») – 8 гол, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Парвиз Боқиохунов («Хатлон») – 6 голӣ, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Худойдод Узоқов («Хатлон»), Шодибек Ғаффоров (КМВА) – 5 голӣ, Вахит Оразсахедов («Истиқлол»), Шервони Мабатшоев (КМВА), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»), Умарҷон Шарипов («Хатлон») – 4 голӣ.

 

Тақвими бозиҳои даври навбатӣ:

Даври 11-ум

12 август (чоршанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:00

«Истиқлол» – «Файзканд»

«Хуҷанд» – «Локомотив-Помир»

«Регар-ТадАЗ» – КМВА

 

13 август (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:00

«Истаравшан» – «Душанбе-83»

«Кӯктош» – «Хатлон»

 

Даври 12-ум

15 август (шанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

 

16 август (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Файзканд» – «Хатлон»

КМВА – «Кӯктош»

«Душанбе-83» – «Регар-ТадАЗ»

«Локомотив-Помир» – «Истаравшан»

Назари худро бинависед