Сармураббии дастаи “Истиқлол” Мубин Эргашев дар нишасти хабарӣ, ки имрӯз, 12 май дар меҳмонхонаи “Шератон” доир гардид, андешаҳояшро оиди бозӣ бо “Аҳал”-и Туркманистон баён кард.
Мубин ЭРГАШЕВ, сармураббии “Истиқлол”:
– Мо, ҳама, бозии шавқовару диданиро интизорем. Он гуна, ки қаблан гуфтем, ҳамааш дар даври охир, яъне пагоҳ маълум мешавад. Бачаҳои мо ба бозӣ ҳама омодаанд. Мутаассифона, бо сабаби зиёд будани кортҳои огоҳӣ, капитани даста Дилшод Восиев дар бозии пагоҳ иштирок намекунад ва албатта, набудани капитан баръало ба чашм мерасад. Мо аз ҷониби мухлисон дастгирии ҳамаҷонибаро интизорем ва кӯшиш мекунем, ки бозии хуб нишон дода, натиҷаи дилхоҳро соҳиб шавем.
– “Истиқлол”-ро барои баромадан аз гурӯҳ мусовӣ низ қаноат мекунонад. Наметарсед, ки тақдир ба шумо шӯхии бад кунад, зеро мешавад, ки дар тасаввуроти бозигарон андешаи норавшани мусовӣ анҷом кардани вохӯрӣ ҷо бигирад?
– Ин футбол аст ва дар он ҳар чӣ шуданаш имкон дорад. Медонед, баъд аз вохӯрии аввал бо “Эрбил” мо, бо бачаҳо, ба ин гуна бозиҳо муносибатамонро дигартар кардем. Дар бозӣ бо “Аҳал” он гуна намешавад, ки ҳамаро фаромӯш карда барои задани гол пеш давем. Кӯшиш мекунем, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани мақсади дар наздамон гузошта шуда, футболи бошууронаро нишон диҳем.
– Ҷонибҳои қавӣ ва заифи “Аҳал”-ро қайд карда метавонед?
– Баъи бозии аввал бо “Аҳал” мо барои худ хулосабарорӣ кардем. Инчунин, сабтҳои видеоии бозиҳои “Аҳал”-ро дар Ҷоми КФО ва чемпионати Туркманистон дар даст дорем. “Аҳал” низ чун дигар дастаҳо ҷонибҳои қавӣ ва заиф дорад. Бозии даста бисёр нағз гузошта шудаст ва бозигарони хуб дорад. Дар маҷмӯ “Аҳал” рақиби ҷиддӣ мебошад ва онро нодида гирифтан ғайриимкон аст.
– Пеш аз бозӣ бо “Эрбил” шумо гуфтед, ки дар сурати баромадан ба чорякфинал мӯи саратонро пок метарошед. Ин лаҳза наздик шуда истодааст…
– Ман ҳамин хел мефаҳмам, ки ин амалро рӯзноманигорон назар ба чорякфинал баромадани даста бештар интизорӣ мекашанд. Ба он касоне, ки аз ин хавотир ҳастанд, гуфтаниям, ки дар чанд соли охир, ҳамин хел низ мӯи сарам, ҳам сафедтар шуду ҳам рехт. (ханда дар толор)
– Таҷрибаи андӯхтаатон дар “Валенсия” ба чӣ андоза дар фаъолияти кории шумо кӯмак мекунад?
– Бале, ин амали бузург аст. Ман аз роҳбарият, бевосита аз президенти клуб барои таҷрибаомӯзии маро ташкил карданашон сипосгузорам. Аз агент Антонио Лопес низ миннатдорам, ки маро дар Испания кӯмак карданд. Ин мактаби бузургест ва бисёрии мураббиёни моро гузаштани таҷрибаомӯзӣ дар чунин клубҳои бузург аз манфиат холӣ нест. Ин бисёр шавқовару аҷоиб буда, дараҷааш ҳам бисёр баланд аст. Албатта, дар давоми як ҳафта дониши пурраро аз худ намекунӣ, аммо як чиро ёд гирифтан мумкин аст. Назари худро нисбати ҷараёни тамрин дигартар кардам. Метавонед аз бачаҳо пурсед. Фикр мекунам, ки ин ба манфиати клуби мо ва дар маҷмӯ бар нафъи футболи тоҷик аст.
Ҷаҳонгир ҶАЛИЛОВ, муҳофизатгари «Истиқлол»:
– Мо ба ин бозӣ бисёр хуб омода шудем ва танҳо ғалабаро интизорем. Кӯшиш мекунем, ки мухлисони худро ноумед накунему дар ҳоати ногувор намонем. Боварӣ дорам, ки мухлисони зиёде ба варзишгоҳ меоянд. Афсӯс, ки пагоҳ Дилшод Восиев бозӣ намекунад. Вай пешвои дастаи мо аст ва метавонад, ки дар лаҳзаҳои мушкил дастаро аз пушти худ барад. Дар ҳар сурат, мо барои натиҷаи дилхоҳро соҳиб шудан кӯшиш мекунем.