Даври шашуми мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон ба анҷом расид. Дар бозии марказии ин давр “Панҷшер” дар майдони худ “Равшан”- и Кӯлобро бо ҳисоби калони 4 бар 1 шикаст дод.
Ин бохти нахустини “Равшан” дар мавсими имсола мебошад. Бовуҷуди бохт “Равшан”- и Кӯлоб мавқеи пешсафияшро дар ҷадвали мусобиқа бо 15 имтёз нигоҳ медорад. “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Исфара”-и Исфара бо 12 имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму сеюм қарор дорад.
Дар байни нишонзанҳо ҳамлагари “Ҳулбук”-и Восеъ Аваз Қамчинов бо 10 голи задаи худ дар шаш бозӣ пешсаф мебошад.
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | «Равшан» (Кӯлоб) | 6 | 5 | 0 | 1 | 24-13 | 15 |
2 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 6 | 4 | 0 | 2 | 17-12 | 12 |
3 | «Исфара» (Исфара) | 6 | 4 | 0 | 2 | 10-9 | 12 |
4 | «Моҳир» (Ёвон) | 6 | 3 | 2 | 1 | 17-16 | 11 |
5 | «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) | 6 | 3 | 1 | 2 | 16-8 | 10 |
6 | «Ҳосилот» (Фархор) | 6 | 3 | 0 | 3 | 12-12 | 9 |
7 | «Саройкамар» (Панҷ) | 6 | 2 | 2 | 2 | 11-13 | 8 |
8 | «Равшан» (Зафаробод) | 6 | 2 | 2 | 2 | 8-8 | 8 |
9 | «Ваҳдат» (Ваҳдат) | 6 | 2 | 1 | 3 | 19-19 | 7 |
10 | «Ҳулбук» (Восеъ) | 6 | 2 | 1 | 3 | 12-14 | 7 |
11 | «Барқчӣ» (Ҳисор) | 6 | 1 | 0 | 5 | 14-15 | 3 |
12 | «Шоҳмансур» (Душанбе) | 6 | 0 | 1 | 5 | 4-25 | 1 |
Даври навбатии мусобиқа рӯзҳои чоршанбе ва панҷшанбеи 29 ва 30 июл баргузор мегардад ва дар он дастаҳо ба таври зайл бо ҳам вомехӯранд:
29 июл (чоршанбе)
«Равшан» (Кӯлоб) – «Эсхата»
«Барқчӣ» – «Панҷшер»
«Ҳулбук» – «Ваҳдат»
30 июл (панҷшанбе)
«Ҳосилот» – «Равшан» (Зафаробод)
«Моҳир» – «Исфара»
«Саройкамар» – «Шоҳмансур»
Эзоҳ: Оғози ҳамаи бозиҳо соати 17:00