Намояндагонии бошгоҳҳои футболи «Истиқлол» ва «Хуҷанд», ки имсол ба ҳайси чемпион ва витсе-чемпиони Тоҷикистон дар Ҷоми КФО-2016 баромад мекунанд, ҷиҳати иштирок дар семинари байналмилалии Конфедератсияи футболи Осиё ба Малайзия мераванд. Семинар барои иштирокчиёни бошгоҳҳои футболи Ҷоми КФО-2016 аз 10 то 11 декабр дар Куала-Лумпур доир мешавад.
Чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанберо дар ин чорабинӣ менеҷери бошгоҳ Шаҳзод Сулаймонов ва роҳбари дафтари матбуоти бошгоҳ Рустам Ҳакимов намояндагӣ мекунад. Аз дастаи соҳили Сирдарё низ дар ин чорабинӣ менеҷери бошгоҳ Акбар Иброҳимов ва сардори дафтари бошгоҳи Далер Отабеков иштирок мекунанд.
Дар доираи барномаҳои семинар рӯзи 10 декабр, қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 доир мешавад. Намояндагони чемпион ва витсе-чемпиони Тоҷикистон дар қуръакашӣ иштирок менамоянд. Қуръакашӣ соати 12:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Ёдрас мешавем, ки чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе баромадашро дар Ҷоми КФО-2016 аз марҳилаи гурӯҳӣ ва витсе-чемпиони мамлакат, «Хуҷанд»-и Хуҷанд бошад, аз марҳилаи квалификатсионӣ оғоз мекунад. Рақиби дастаи соҳили Сирдарё дар ин марҳила бошгоҳи футболи «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин аст. Бозӣ рӯзи 9 феврал дар Фаластин баргузор мешавад.