14 ноябр дар варзишгоҳи шаҳри Сисакети Тайланд бозиҳои даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» баргузор мешаванд.
Дар вохӯрии аввал мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Уммон соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (14:00 ба вақти Душанбе) рӯ ба рӯ мешавад.
Дар сурати мусовӣ шудани натиҷа дар вақти асосии бозӣ, ғолиб дар силсилаи зарбаҳои 11-метра муайян мегардад.