Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Фаластин бозии дӯстона баргузор мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Фаластин бозии дӯстона баргузор мекунад

Имрӯз, 28 сентябр тимм миллии Тоҷикистон дуюмин бозии дӯстонаи худро дар рӯзҳои ФИФА баргузор мекунад.

Ҳарифи дастаи мо мунтахаби Фаластин хоҳад буд, ки дар раддабандии ФИФА мақоми 95-умро ишғол мекунад.

Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Tongliang Long Stadium»-и шаҳри Чунцини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуда, соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (17:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Бозии дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистон ва Фаластин ба таври мустақим пахш карда намешавад.

Назари худро бинависед