Суҳроб Сатторов дар семинари доварони элитаи футзали КФО иштирок кард – Федерация Футбола Таджикистана

Суҳроб Сатторов дар семинари доварони элитаи футзали КФО иштирок кард

Довари футзали ФИФА аз Тоҷикистон Суҳроб Сатторов дар семинари доварони элитаи футзали Конфедератсияи футболи Осиё, ки дар Малайзия баргузор шуд, иштирок кард.

Дар доираи семинар доварон ба омӯзиши назариявӣ ва машғулиятҳои амалӣ фаро гирифта шуданд. Ба таҳлили ҳолатҳои гуногуни бозӣ ва такмили малакаи қабули қарорҳо ҳангоми вохӯриҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Яке аз мавзӯъҳои асосии семинар низоми таҳлили видеоӣ буд. Доварон усулҳои муосири таҳлили ҳолатҳои баҳсноки бозӣ ва истифодаи онҳоро омӯхтанд.

Назари худро бинависед