31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «D» се бозӣ анҷом медиҳад. Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Баҳрайн (31 август), Афғонистон (3 сентябр) ва Урдун (6 сентябр) мебошанд.
Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «D» дар варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»-и шаҳри Исо-Тауни Баҳрайн баргузор мешаванд.
Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва инчунин ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм роҳ меёбанд.