Игор Суров – сармураббии нави мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) – Федерация Футбола Таджикистана

Игор Суров – сармураббии нави мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17)

Мутахассиси 40-солаи рус Игор Суров сармураббии нави мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таъйин гардид.

Дар ин вазифа ӯ Далер Каёсовро иваз кард, ки бо хоҳиши худ аз мақоми сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон канор рафт.

Игор Суров наврасони кишварро ба Ҷоми ҷаҳон-2026 омода мекунад. Ин мусобиқа аз 19 ноябр то 13 декабр дар Қатар баргузор мешавад.

Ба ҳайати ситоди мураббиён Шамсиддин Қосимов, Ҷаъфар Ахмедов ва Элчибек Рашидбеков шомил шуданд. Умед Чоршанбиев ба омодагии дарвозабонҳо масъул хоҳад буд.

Игор Суров қаблан дар бошгоҳҳои «Сумида»-и Муғулистон, «Эсхата»-и Хуҷанд, «Барс»-и Қирғизистон ва «Машъал»-и Ӯзбекистон фаъолият кардааст.

Назари худро бинависед