Намояндагони ФФТ дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Намояндагони ФФТ дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд

Дар шаҳри Душанбе семинари дурӯза оид ба ташкили бозиҳо барои комиссарони нави Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ба анҷом расид.

Давоми ду рӯз комиссари ФИФА ва КФО аз Қирғизистон Кемел Токабоев таҷрибаи ғании байналмилалии худро бо иштирокчиён мубодила намуда, дар бораи тартиби ташкили бозиҳо мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ муфассал маълумот дод.

Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар ин семинар кормандони раёсати муносибатҳои байналмилалии ФФТ Фаридун Аттоев ва Ҳусноро Хоркашева, инчунин мутахассиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Ҳурбибӣ Варданян намояндагӣ карданд.

Дар ҷараёни семинари омӯзишӣ масъалаҳои асосии фаъолияти комиссарони бозиҳо, аз ҷумла нақш, вазифа ва уҳдадориҳои онҳо, омодасозии варзишгоҳҳо барои баргузории вохӯриҳои байналмилалӣ, масъалаҳои маркетинг ва ВАО, таъмини бехатарӣ, ҳамкорӣ бо ташкилкунандагони бозиҳо, тартиби омода намудани ҳуҷҷатҳои расмӣ, пур кардани гузоришу ҳисоботҳо, инчунин баррасии ҳолатҳои гуногуни фавқулода ва тартиби амал дар чунин вазъиятҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Дар анҷоми семинар довталабон барои шомил шудан ба ҳайати комиссарони бозиҳои CAFA аз рӯи барномаи омӯзишӣ имтиҳон супориданд. Иштирокчиёне, ки аз санҷиш бомуваффақият гузаштанд, ба ҳайати комиссарони бозиҳои мусобиқаҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барои мавсими нав шомил хоҳанд шуд.

Назари худро бинависед