Дар Душанбе мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 ба анҷом расид – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 ба анҷом расид

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026, ки ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда буд, ба анҷом расид.

Дар мусобиқа шаш даста, ки аз ҳисоби кормандони раёсату шуъбаҳои гуногуни Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи кӯдакону наврасон, Лигаи футболи бонувон, Лигаи футзали Тоҷикистон, намояндагони шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол», инчунин доварон ва комиссарони бозиҳои футбол, мураббиёни дастаҳои мунтахаб ташкил ёфта буданд, тӯли ду моҳ барои ба даст овардани медалҳо мубориза бурданд. Ин мусобиқа на танҳо як рақобати варзишӣ, балки имкони хубе барои таҳкими рӯҳияи ҳамкорӣ, густариши муносибатҳои дӯстона миёни аъзои оилаи футболи Тоҷикистон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим гардид.

Мусобиқа аз рӯи низоми даврӣ дар ду марҳила баргузор шуда, дар маҷмӯъ 30 бозӣ доир гардид. Ғолиби мусобиқа дастаи «Фишори молиявӣ»-и раёсати дастаҳои мунтахаби Федератсияи футболи Тоҷикистон гардид. Ин даста дар 10 бозӣ 6 пирӯзӣ ба даст оварда, 3 вохӯриро мусовӣ ва танҳо дар як бозӣ шикаст хӯрд. Даста бо 21 имтиёз ва таносуби тӯбҳои 37:22 мақоми аввалро соҳиб шуд.Медалҳои нуқра насиби дастаи «Ориё» (15 имтиёз) гардида, дастаи «Котиби генералӣ» бо 14 имтиёз соҳиби медалҳои биринҷӣ шуд.

Ба ғолибону ҷоизадорон ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Дар маросими ҷоизасупорӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода иштирок намуд. Ҳамчунин беҳтаринҳои мусобиқа дар номинатсияҳои инфиродӣ муайян карда шуданд.

Сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев (дастаи «Фишори молиявӣ») беҳтарин дарвозабони мусобиқа дониста шуд. Сардори шуъбаи баргузории мусобиқаҳои Лигаи кӯдакону наврасони футболи Тоҷикистон Шамсуддин Раҷабов (дастаи «Фишори молиявӣ») унвони беҳтарин мураббиро соҳиб гардид. Мураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Руслан Тиллоев (дастаи «Фишори молиявӣ») беҳтарин бозигари мусобиқа эътироф шуд. Бахтиёр Маҷидов (дастаи «Green Wood») бошад, беҳтарин нишонзани мусобиқа гардид.

Ҳамчунин беҳтарин бозигарони дастаҳо муайян шуданд: Юсуф Рабиев («Спирит»), Анваршо Мирзоев («IRE»); Баҳрулло Давлатов ва Субҳон Хоҷамов («Ориё»); Фаридун Шарифов («Green Wood»), Рустам Нурматов ва Исо Бафоев («Котиби генералӣ»).

Мусобиқа дар фазои дӯстона ҷамъбаст шуда, бори дигар нишон дод, ки футбол воситаи муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ мебошад.

Назари худро бинависед