Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолони худ аз Озарбойҷон ду бозии санҷишӣ анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолони худ аз Озарбойҷон ду бозии санҷишӣ анҷом дод

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҷаъфар Ахмедов дар шаҳри Боку ҷамъомади таълимиву тамринӣ баргузор кард.

Дар доираи ин ҷамъомад дастаи мо бо мунтахаби наврасони Озарбойҷон ду бозии санҷишӣ анҷом дод. Дар вохӯрии аввал наврасони Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Голи ягонаи бозиро Мунаввар Анварзод ба самар расонд.

Дар рақобати дуюм мунтахаби Озарбойҷон бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Аз ҳайати тими Тоҷикистон Олимҷон Олимов ва Биҳиштӣ Раҷабзод муаллифи гол шуданд.

Назари худро бинависед