Дар шаҳри Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои довталабони литсензияи мураббигии дараҷаи «А» ба анҷом расиданд. Барномаи таълимӣ аз чор марҳила иборат буда, машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро дар бар гирифт.
Роҳбарии курсҳоро дастурдиҳандаи УЕФА Сергей Боровский аз Беларус ба уҳда дошт. Ба ҳайси ёварони инструктор мутахассисони Федератсияи футболи Тоҷикистон Боир Игамбердиев ва Салоҳиддин Ғафуров фаъолият намуданд.
Дар маросими ҷамъбастии курсҳо директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков иштирок карда, довталабонро бо анҷоми бомуваффақонаи давраи омӯзиш табрик гуфт ва аҳамияти такмили пайвастаи маҳорати касбии мураббиёнро таъкид намуд.