Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Далер Каёсов пас аз иштирок дар Ҷоми Осиё-2026, ки дар Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, ба ватан баргашт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастаро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рӯзноманигорон, мухлисон ва пайвандони бозигарону ҳайати мураббиён самимона истиқбол гирифтанд.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар тимҳои Тайланд (2:0) ва Мянмар (1:0) пирӯз шуда, бо тими Арабистони Саудӣ мусовӣ (5:5) кард. Дар даври чаҳорякниҳоӣ бошад, наврасони мо аз тими Ҷопон (0:5) шикаст хӯрданд.
Бо вуҷуди бохт дар марҳилаи плей-офф, даста кишвари моро дар Ҷоми Осиё-2026 сазовор намояндагӣ карда, роҳхати Чемпионати ҷаҳон-2026-ро, ки моҳҳои ноябр-декабр дар Қатар баргузор мешавад, ба даст овард.